Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷасади 6 низомӣ дар Рашт


Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки рӯзи 6 октябр аз 27 савори чархбол, 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нерӯҳои “Алфа” шиносоӣ шудааст.

Мансурҷон Умаров гуфтааст, ки як майори нирӯҳои вижа Фахриддин Хидиров бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурдааст. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади шаш низомии дигари савори ин чархбол идома дорад.Ҳоло ба қавли пизишкони беморхонаи марказии Қараболо Фахриддин Хидиров аз ҳолати беҳуши ба худ омада вазъи саломатияш хуб аст.

Қаблан мақомоти Кумитаи амният аз суқути чархболи ҳомили нерӯҳои интизоми дар маҳали Навободи минтақаи Рашт хабар дода буданд. Дар ибтидо сабабҳои суқути чархбол ба ҳар гуна шарҳ дода мешуд. Яке аз фарзияҳо, беш аз ҳадди мумкин бор бардоштани чархбол унвон мешуд. Фарзияи дигар ин буд, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.

Ҳамзамон мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло дар корҳои барқарории манзилу сохтмонҳои бар асари хушунатҳои ахири водиии Рашт осебдида ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа ва яке аз қисмҳои ҳарбӣ сафарбар шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ки то имрӯз мизони хисороти ҳодисаҳои ахири Рашт баъди тахриби панҷ сохтмон ва аз ин ҳисоб - се манзили истиқоматӣ дар ҳудуди чаҳор миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дӯстмурод Забиров, сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамчунин ҷустуҷӯи низомиёни нопадидшудаи нирӯҳои давлатӣ дар паи суқути чархболи нирӯҳои вижаи “Алфа” идома дорад:



Амалиёт дар Рашт идома дорад

Бахшҳои нерӯҳои вижаи дар якҷояги бо нерӯҳои интизомии дигар дар барқарорсозии амният дар шарқи кишвар иштирок мекунанд.

Ин амалиёт ба дунболи ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ дар рӯзи 19-уми сентябр оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Дар ин ҳамла 26 сарбози Артиши Тоҷикистон кушта шуд. Мақомот ин ҳамларо бар дӯши Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) ва Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) аз фармондеҳони пешини мухолифон вогузор кардаанд.

Дар амалиёти алайҳи ин нерӯҳо то кунун чандин сарбозу афсари дигари мақомотҳои қудратии Тоҷикистон низ кушта шудаанд. Мақомот ҳамчунин аз кушта шудани чандин тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ хабар додаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз шурӯи амалиёти нерӯҳои қудратӣ дар Рашт ҳудуди 20 нафар аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳ дастгир ва кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG