Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ ба Эрон


Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ки саъй дорад, барои даври дуввум дар ин мақомаш бимонад, имрӯз вориди Эрон шуд. Эътилофи гурӯҳҳои шиъамазҳаби Ироқ ба раҳбарии ӯ дар интихоботи порлумонии моҳи март ба ҳизби Иёд Аллавӣ, нахуствазири собиқи Ироқ, ки аз тарафи сунниҳо ҳимоят мешавад, тақрибан бохт. Эътилофи ҳокимияти қонуни Нурӣ Ал-Моликӣ шомили аҳзоби сиёсии наздик ба Эрон аст. Иёд Аллавӣ ҳам ба хотири ҷалби ҳимоят, ба кишварҳои минтақа сафар кардааст. Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, Эрон набояд, як ҷиноҳеро ба Ироқ таҳмил кунад ва ё якеро ба дигарӣ бартарӣ диҳад.”
XS
SM
MD
LG