Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се табиби украинӣ бо иттиҳоми қочоқи инсон


Се табиби украиниро бо иттиҳоми трансплантатсияи ғайриқонунии аъзои бадан ва қочоқи инсон дар шаҳри Киев боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Украина гуфтааст, ҳарсе табиб бахше аз як гурӯҳи ғайриқонии фаромиллӣ будаанд, ки қурбониёни тиҷорати худро барои интиқоли узви бадани онҳо ба афроди дигар ба як кишвари ҷанубии шӯравии собиқ мебурдаанд. Бахши украинии Радиои Озодӣ, аз қавли муфаттишон мегӯяд, мизоҷони аъзои бадан масалан барои гурда 200 ҳазор доллар пардохт мекардаанд. Теъдоди қурбониёни ин муомилот, ки аксаран аз Украинаву Молдова ва Ӯзбакистон будаанд, тақрибан 30 нафар мерасидааст.
XS
SM
MD
LG