Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WikiLeaks барои Пентагон дарди сар эҷод мекунад


Пентагон ба нашри садҳо ҳазор аснод оид ба ҷанги Ироқ аз сӯи сомонаи интернетии WikiLeaks омодагӣ мегирад. Ба иттилоъи намояндаи вазорати дифоъи ИМА, ахиран барои омӯзиши паёмадҳои эҳтимолии нашри ин иттилоъ гурӯҳи 120-нафараи мутахассисон таъсис гардид. Гуфта мешавад, ки иттилоъ, аз ҷумла, дар робита ба талафоти мардуми осоишта дар ҷараёни ҷангҳо, рӯзҳои наздик пайдо хоҳад шуд. Ҳамзамон низомиёни воломақоми Пентагон мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки ин иттилоъи сиррӣ чӣ гуна дастраси хабарнигорон шудааст.
Моҳи июл сомонаи WikiLeaks беш аз 70 ҳазор санад дар робита ба ҳаводиси Афғонистонро нашр карда буд. Он вақт масъулини сомонаи интернетӣ аз ошкор кардани манбаъи иттилоъ сарпечӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG