Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон як тоҷири эронитабори Амрикоро раҳо мекунад


Мақомоти Эрон дар садади раҳоии як тоҷири эронитабори амрикоӣ ҳастанд, ки бо иттиҳоми иртибот ба як гурӯҳи ифротии мухолиф, ду солро дар зиндон сипарӣ кард. Дар ин бора Пйер Проспер, вакили дифоъи Ризо Тақавии 71-сола хабар дода гуфт, ки ӯ шояд ҳафтаи оянда ба Амрико баргардад. Ризо Тақавиро ба интиқоли 200 доллар ба як марде муттаҳам кардаанд, ки ӯ узви гурӯҳи ифротии Тундар будааст. Аммо Тақавӣ мегӯяд, бегуноҳ аст ва 200 долларро ба марди мӯҳтоҷе хайр кардааст ва бехабар аз он ки ӯ ба гурӯҳи мазкур иртибот дорад. Телевизиони Эй Би Си Амрико мегӯяд, дар ниҳоят мақомоти эронӣ ин гуфтаи Ризо Тақавиро пазируфтаанд.
XS
SM
MD
LG