Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби толибилмони мадрасаҳои хориҷӣ ба артиш


Толибилмон дар яке аз мадрасаҳои исломии Покистон
Толибилмон дар яке аз мадрасаҳои исломии Покистон

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, тайи се ҳафтаи ахир 14 сокини ҷавони вилояти Хатлон аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба ватан баргаштаанд ва се нафари онҳо равонаи хизмати аскарӣ шудаанд.

Тоҳирхон Раҷабов, мудири бахши корҳои дини назди ҳукумати ноҳияи Данғара, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, азбаски ин се ҷавони бозгашта аз мадрасаҳои исломии Покистон синну соли мувофиқ ба адои хизмати аскарӣ доштанд, аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ барои пайвастан ба сафи артиш даъват шудаанд:

“Ҳоло 16 ҷавони дигари данғарагӣ дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд ва баъди бозгашт шояд баъзеашон ба артиш сафарбар шаванд. Аммо ин се ҷавони бозгашта ба хизмати сарбозӣ ихтиёран рафтаанд”.

Донишҷӯёни ғарирасмиро бозпас мехонанд

Ҷаноби Раҷабов муътақид аст, ки бархе аз ҷавонон "бо роҳи фиреб" озими кишварҳои исломӣ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои раиси ҳукумати ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев, дар фиристодани ҷавонони данғарагӣ ба кишварҳои исломӣ аъзои созмони мамнӯъи “Ҷамоати таблиғ” ва бархе аз мансабдорони маҳаллӣ даст доштаанд. Вале вай мушаххасан аз касе ном набурд.

Саҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара
Ҷаноби Сайдалиев дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, донишҷӯёне, ки тавассути квота дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, бозпас хонда нахоҳанд шуд: “Танҳо онҳоеро бозпас даъват карда истодаем, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ, пинҳонӣ, бе мувофиқа бо вазорати маориф, ҳукумати маҳаллӣ ё ниҳодҳои марбутаи умури дин, ба хориҷа сафар кардаанд ва дар мадрасаҳои ба мо номаълуми динӣ таҳсил мекунанд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Сайдалиев, ҷавононе, ки ба ватан баргаштаанд, иқрор кардаанд, ки ба мадрасаҳои исломии хориҷӣ бо фиребхӯрдагӣ роҳ ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, вазъи беҳдоштии на ҳама ҷавонони бозгашта ба ватан мӯътадил буда ва иддае аз онҳо қобили хизмати сарбозӣ нестанд.

Толибилмони "лоғар ва бемор"

Хизматулло Шамсов, сарпизишки беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, мегӯяд, ду нафар аз ҷавононе, ки дар мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд ва тоза ба ватан баргаштаанд, ба сабаби бемории шадид муддате зери муроқибати пизишкони ноҳия қарор доштанд.

Хизматулло Шамсов, сарпизишки бемористони Данғара
Вай афзуд: "онҳо хеле лоғар ва бемор шуда буданд. Мо ташхис кардем, онҳо аз гуруснагӣ лоғар шудаанд. Бинобар норасоии витаминҳо, истеъмол накардани хӯроки серғизо бемор шудаанд. Агар онҳоро то табобати мо медидед, раҳми одам меомад. Мо ба волидонашон тавсия додем, ки хуб нигоҳубин кунанд, хӯроки серғизо диҳанд, дар 2-3 ҳафтаи оянда беҳтар мешаванд. Вазъи саломатиашон ҳоло мӯътадил аст”.

Сарпизишки ноҳия гуфт, ин ҷавонон, ки синни қобили хизмат дар артиш доштанд, яъне 17-18-сола буданд, дар хориҷа аз норасоии ғизо азият кашида, лоғар шудаанд, ки ин низ беморист: “Худ қазоват кунед, бо 100 доллар дар Миср ё Покистон аз куҷо зиндагӣ карда мешавад, ҳол он ки билет харида ба Тоҷикистон омаданд”.

Бар асоси иттилоъи додситонии вилояти Хатлон, феълан дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ беш аз 200 ҷавону навраси тоҷик аз вилояти Хатлон таҳсил мекунанд. Юсуфҷон Юсуфзода, муовини додситони Хатлон, мегӯяд, ба ҷуз ин 200 нафар, боз ҷавононе ҳам ҳастанд, ки ба таври ғайрирасмӣ дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд ва “онҳо на таълими исломӣ, балки фанатизмро меомӯзанд”.

"Ҷалби якбора ба аскарӣ хатои дигар аст"

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки пас аз бозовардани ҷавонон аз мадрасаҳои исломии хориҷӣ, якбора ба сафи Артиши миллӣ пайвастани онҳо чандон қобили қабул нест. Ҷомеашинос Муҳаббат Мирзораҳимова дар ин иртибот мегӯяд:

“Ман фикр мекунам, ки яку якбора ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кардани онҳо ин боз як хатои дигар аст. Онҳо бояд баъди бозгашт ба ватан нахуст аз курсҳои реабилитатсияи психологӣ гузаранд, равоншиносони хубе бо онҳо муддате кор кунанд, ба муҳити хона, атроф, зодгоҳашон дубора одат кунанд, мутобиқ шаванд, зеро онҳо тайи чанд сол набуданд. Баъд аз ин ҳама метавонанд ба артиш ҷалб шаванд”.


Ва аммо мақомоти комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мегӯянд, ҳеҷ нафаре аз ҷавонони бозовардашуда аз кишварҳои шарқӣ иҷборан ба хизмати аскарӣ сафарбар нашудаанд ва нахоҳанд шуд.

Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа, низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, агар ҷавонони тоза ба ватан баргашта аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати низомӣ ё озод будан аз адои хизмати сарбозиро надошта бошанд, ё нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз нашудаасту онҳо қобили хизмати ҳарбӣ ҳастанд, бидуни таъхир бояд ба сафи артиш бипайванданд:

“Дар қонун гуфта шудааст, ки кадом шахсон бояд аз хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд ва ё кадом шахсон ҳуқуқи мавқуф гузоштани адои хизмати ҳарбиро доранд, пас, ӯ лоиқ ба хизмати аскарист. Новобаста ба он ки вай дар куҷо таҳсил кардааст. Аз сӯйи дигар, агар додгоҳ ҳукм накарда бошад, мо наметавонем ҷавонеро, ки дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсил кардааст, террорист ё одами хатарнок барои ҷомеа номем...”

Мақомоти додситонии низомӣ ва низ комиссариати ҳарбӣ мегӯянд, ҳуввияти ҳар сарбозе, ки ба сафи артиш мепайвандад, аз қабл ҷиддан мавриди омӯзиш қарор мегирад ва ҷавононе, ки баъди бозгашт аз таҳсил дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ ба хизмати аскарӣ ҷалб шудаанд, низ аз чунин як санҷиш гузаштаанд.
XS
SM
MD
LG