Вазири дифоъи Италия мегӯяд, ки шаҳри Ҳирот шояд то охири соли 2011 дар ихтиёри нерӯҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон қарор бигирад. Хабаргузории Анса гуфтаҳои Игнасио Ла Руссоро овардааст, ки баъд аз мулоқоташ бо генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон садо доданд. Ба гуфтаи вазири дифоъи Италия, "вазифаи мо ин аст, ки ин қаламравро дар ихтиёри ҳукумат ва артиши Афғонистон вогузорем ва онҳо мубориза бо терроризм ва раванди эътидоли авзоъро идома диҳанд".
Генерал Петреус ба хотири ширкат дар нишасти Гурӯҳи байнулмилалии тамос оид ба Афғонистон вориди Италия шудааст. Ин нишаст рӯзи душанбе дар Рум баргузор мешавад.
Генерал Петреус ба хотири ширкат дар нишасти Гурӯҳи байнулмилалии тамос оид ба Афғонистон вориди Италия шудааст. Ин нишаст рӯзи душанбе дар Рум баргузор мешавад.