Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар гуфтугӯи Кобул бо "Толибон" кӯмак мекунад


Исломобод эълом дошт, ки барои кӯмак дар музокироти миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” омода аст. Ҳамзамон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, гуфт, ки раёсати музокирот бояд бар дӯши мақомоти Афғонистон вогузор шавад.
Дар ҳамин ҳол Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон гуфт, нерӯҳои байнулмилалӣ кафолат медиҳанд, ки фармондеҳони аршади “Толибон” метавонанд барои музокирот вориди Кобул шаванд. Ӯ афзуд, ки аз ин пеш бархе аз раҳбарони “Толибон” бо мақомоти Афғонистон ва дигар кишварҳои вориди қазияи Афғонистон робита барқарор карда ва гуфтушунидҳои пешакӣ низ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG