Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Inpex Озодагонро тарк мекунад


Ширкати нафти ҷопонии Inpex эълом дошт, ки аз тарҳи коркарди чоҳи нафти Озодагон дар Эрон берун мешавад. Моҳи гузашта Ҷопон, ки таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳронро пазируфтааст, имзои созишҳои молиявӣ бо Эронро маҳдуд кард ва ҳисобҳои бонкии бархе афроду созмонҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эронро мунҷамид сохт.
Аввали моҳ Кохи Сафед эълом дошт, ки чаҳор ширкати бузургии нафтии олам - Total, Statоil, ENI ва Royal Dutch Shell ҳамкорӣ бо Эронро қатъ мекунанд, то ки мавриди таҳримҳои ИМА қарор нагиранд. Ин ширкатҳои мансуб ба Фаронса, Норвегия, Италия ва Ҳуланд солҳо боз дар коркарди чоҳҳои нафт бо Эрон ҳамкорӣ мекарданд.
Таҳримҳо алайҳи Эрон баъд аз он шадидтар шуданд, ки мақомоти кишвар аз қатъи ғанигардонии ураниум сарпечӣ намуданд. Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG