Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 ошӯбгар аз зарбаи мушакӣ дар Покистон


Дар Покистон бар асари ду зарбаи мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ нӯҳ нафаре ба ҳалокат расидаанд, ки ҳадс зада мешавад, аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат буданд. Ба иттилоъи мақомоти Покистон, ду деҳаи канори шаҳри Миралӣ, воқеъ дар Вазиристони Шимолӣ ва дар марз бо Афғонистон, ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифтанд.
Тайи ду моҳи ахир ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба пинҳонгоҳҳои афроди мусаллаҳ дар марзи Покистону Афғонистон афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG