Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба фаъолони ҳифзи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон


Шӯрои мудофеони ҳуқуқи башари Қирғизистон аз таҳдид ба фаъолони ҳуқуқи башар дар ҷануби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ин шӯро мегӯяд, рӯзи панҷшанбе чанд нафар ашхоси ношинос дар Ҷалолобод ба дафтари созмони ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқ омадаанд ва адреси аъзои фаъоли ин созмонро тақозо кардаанд. Онҳо худро аъзои ҳизби сиёсие муаррефӣ кардаанд, ки гӯё дар интихоботи порламонии рӯзи якшанбе баранда шудааст. Онҳо ба фаъолони ин созмон гуфтаанд, ки бояд ором шаванд, вагарна кушта хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG