Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 нафар дар Рашт баъди музокирот ба ҳукумат таслим шуданд


Тибқи хабарҳо, дар ноҳияи Рашт 27 нафар ҷонибдорони гурӯҳи мусаллаҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Сайриддин ба ҳукумат таслим шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Рашт музокироти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва Амирқул Азимов-дабири Шӯрои Амнияти ин кишвар дар бораи ҷузъиёти халъи силоҳ ва афви гурӯҳҳои мусаллаҳи таслимшуда идома дорад. Гурӯҳҳое, ки таслим шудаанд, ҳоло барои хунсо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба нируҳои ҳукумат кӯмак мекунанд. Бино ба хабарҳо, барои халъи силоҳ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ду рӯз пешниҳод шудааст. Ин раванд дирӯз оғоз шуда буд. Дар сурати таслими аслиҳа дар ин муддат онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ комилан озод хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG