Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон вагонҳои бори Роғунро раҳо мекунад


Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Узбакистон дар қаламрави худ ба баъзе аз вагонҳои ҳомили бори ниругоҳи барқи обии Роғун иҷозаи идомаи ҳаракат ба сӯи Тоҷикистонро додааст. Дар ин бора Атохӯҷа Мирҷалолов-суханӯи вазорат ба радиои Озодӣ хабар дод:
"Иттилооте, ки мо дорем, дар ин ҷо САҲА мудохила кардааст ва онҳо дар ин масъала мавқеи худашонро муайян карданд, ки дигар Узбакистон ҳуқуқ надорад, дар ин масъала дар корҳои дохилии Тоҷикистон мудохила кунад ва ниругоҳи барқи обии Роғун бояд сохта шавад".

Ду рӯзи пеш Нуриддин Шамсов-намояндаи Тоҷикистон дар САҲА ва сафири Тоҷикистон дар Австрия масъалаи вагонҳои Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои умумии САҲА матраҳ ва барои ҳали ин масъала аз САҲА кӯмак хост. 14-ӯми октябр Узбакистон ба 3 вагони ҳомили битум, 3 вагони балони автомашинаҳо ва 2 вагони симҳои барқ иҷозаи ҳаракат додааст. мумкин аст ин кор имрӯз идома пайдо кунад.Дар маҷмӯъ, 10 вагон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG