Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов


Саидмӯъмин Раҳимов
Саидмӯъмин Раҳимов

Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе, нахустин Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов баргузор мешавад.

Cаркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Аввалин мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федеросиюни гуштии самбои кишвар ва тасмими Федеросиюни байнулмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ширкати паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст».

Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шуда буд.

Воқеъан, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло, Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии дастаҳои мунтахаби самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хидмати арзанда кардааст.

С.Раҳимов солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федеросиюни гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.

Саидмӯъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009 дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва даргузашти ҷаҳонпаҳлавон талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG