Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз фишор ба матбуоти мустақил дар Тоҷикистон


Созмонҳои байналмилалии мудофеи озодии баён мегӯянд, ки аз фишори афзоянда болои матбуоти мустақили Тоҷикистон нигаронанд ва аз ҳукумати ин кишвар тақозо мекунанд, ки ба зудтарин фурсат дар риоя шудани ҳуқуқи расонаҳо ва идомаи фаъолиятҳои касбии онҳо мусоидат кунад.


Нигаронӣ аз фишорҳо болои матбуоти мустақил


Музаффар Сулаймонов, масъули умури Осиёи Марказӣ дар Кумитаи дифоъ аз журналистон, мақарраш дар Ню-Йорк дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:
“Созмони мо аз рӯйдодҳое, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар пасманзари низоъи мусаллаҳонае, ки дар шарқи ин кишвар мегузарад, яъне аз он мавҷи интиқодҳову фишорҳо болои матбуоти озод амиқан ба хашм омадааст. Мо умедвор ҳастем, ки муроҷиати журналистон ба унвонии мушовири президенти Тоҷикистон вокуниши муайян ба бор оварда пеши роҳи ҳамлаҳо болои расонаҳоро хоҳад гирифт. Ҳукумат бояд дарк кунад, ки расонаҳои мустақил дар тарафи онҳо истодаанд, журналист ҳақ дорад, ки савол диҳад ва ҳукуматро барои амалкардаш танқид кунад”.

Вай афзуд, муҳимтарин вазифаи журналистон огоҳ кардани ҷомеа аз рӯйдодҳои ахир аст ва агар Тоҷикистон мехоҳад дар оянда ҳам як кишвари комилҳуқуқ боқӣ монад, набояд маълумотро аз хабарнигорон пинҳон дорад.

Таниш миёни матбуоти мустақил ва мақомоти Тоҷикистон баъди танқиди амалкарди нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт шиддат гирифт. Вазорати дифои Тоҷикистон нашрияҳои мустақилро дар пуштибонӣ аз террористон муттаҳам кард ва кумитаи андози ҷумҳурӣ ба тафтиши даромаду адади чопи нашрияҳои мустақил пардохт.

Дар натиҷа, нашрияҳо мустақили “Фараж” ва “Пайкон” аз чоп бозмонданд. Ба илова, наздики ду ҳафта мешавад, баъзе сомонаҳои хабаррасониҳои мустақил мисли avesta.tj, tjk.news.com, centrasia.ru ва Fergana.ru масдуд шуда матолиби ин хабаргузориҳо дар дохили Тоҷикистон дастрас нест.

Рӯзи панҷшанбе раҳбарони бархе аз нашрияҳои мустақили пойтахт ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи муштарак аз Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раисиҷумҳур, хостори мулоқоти чашм ба чашм ва баррасии масоили расонаҳои кишвар шудаанд. Мухтор Боқизода, раиси Созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва яке аз муаллифони ин нома, мегӯяд, онҳо масъалаҳои аслии расонаҳои мустақилро дар ин охирҳо дар нома матраҳ кардаанд. Расонаҳо гуфтаанд, ки хостори мулоқоти рӯбарӯ ва баррасии мушкилоти пешомада шудаанд.

"Тоҷикистон бояд фаъолияти озоди матбуотро таъмин кунад"

Созмони байналмилалии гузоришгарони бидуни марз, мақарраш дар Париж мегӯяд, рӯйдодҳои ахири Тоҷикистонро аз наздик мушоҳида мекунад. Элза Виттал, раиси шӯъбаи аврупоии ин созмон гуфт:

“Ба фикри мо вазъият аз он ҷиҳат пуршиддат ва доғ шудааст, ки ҳукумат мехоҳад ҷомеаро аз як ҷанги дохилӣ муҳофизат кунад. Мо инро мефаҳмем. Вале тарзи рафтори онҳо аслан дуруст нест, чунки ҳимояи ҷамъият ва озодӣ аз роҳи фишор болои намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дуруст нест. ”

Хонум Виттал афзуд, ки ҳоло фурсати музокира расидааст ва мақомот бояд ба пешвози расонаҳо ба мулоқоту гуфтугӯ раванд.
Созмонҳои байналмилалии мудофеи озодии баён мегӯянд, ки дар бораи шиддатёбии вазъ дар атрофи матбуоти мустақил аз раҳбарияти Анҷумани расонаҳои мустақил, оҷонсии «Авасто» ва дигар расонаҳо огоҳ шудаанд.

“ Кӯшиши маҳдуд кардани дастрасӣ ба дарёфти иттилоъ дар Тоҷикистон дар тамаддуни имрӯза чун як василаи асримиёнагӣ арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, мо аз Тоҷикистон даъват мекунем, ки билофосила, роҳи дигарро интихоб кунад”.


Кумитаи дифоъ аз журналистон мегӯяд, аз ҳамлаҳо болои нашрияҳои “Нигоҳ”, “Фараж” ва ҳамчунин масдудшавии хабаргузориҳо нигарон аст, чунки айнан ҳамингуна ҳолатро қабл аз оғози нооромиҳои тобистона дар Қирғизистон шоҳид шудан мумкин буд.Музаффар Сулаймонов гуфт, ки Тоҷикистон ба хотири ҳифзи обрӯи худ ба унвони як кишвари демократӣ, бояд фаъолияти озоди матбуотро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG