Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон ҳафт низомии НАТО ҷон бохтанд


Имрӯз дар ҳодисаҳои ҷудогона дар Афғонистон ҳафт низомии хориҷӣ кушта шуданд. Таркиши мина дар ғарби кишвар мунҷар ба ҳалокати се низомии НАТО гардид. Як сарбози дигар дар ҳамин гуна ҳодиса дар ҷануби кишвар кушта шуд. Се низомии НАТО бар асари ҳамлаҳои ошӯбгарон дар ҷануб ва шарқи Афғонистон ба ҳалокат расиданд.
Низомиёни воломақоми нерӯҳои байнулмилалӣ аз ироаи ҷузъиёти ин ҳодисаҳо ва ошкор кардани ҳуввияти сарбозони кушташуда худдорӣ намуданд. Аз аввали моҳи равон дар набардҳо ва бар асари таркишҳову ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон 35 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG