Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав тасмими Тифлисро "дасиса" унвон кард


Маскав тасмими Тифлис дар робита ба ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид барои сокинони ҷумҳуриҳои Қафқози шимолиро “дасиса” номид. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Русия гуфта шудааст, ки “талоши ба гурӯҳҳо тақсим кардани мардуми Русия хилофи меъёрҳои мутамаддини муносибатҳои байнидавлатист”.
Чанд рӯз пеш Нино Каландадзе, муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон, гуфта буд, ки кишвараш ба хотири “идомаи равобити анъанавии миёни мардуми Қафқози шимолӣ” барои кишварҳои қафқозӣ якҷониба низоми бидуни раводидро ҷорӣ мекунад ва сокинони ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон, Ингушистон, Осетияи Шимолӣ, Қабардину Балқар, Адигея ва Карачаево-Черкеск ҳаққи будубоши 30-рӯзаи бидуни раводид дар қаламрави Гурҷистонро хоҳанд дошт.
Режими раводид миёни Русияву Гурҷистон аз моҳи декабри соли 2000 ба ин сӯ амал мекунад.
XS
SM
MD
LG