Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусаллаҳони раштӣ аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд?


Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи аз сӯи кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ шудани гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат дар водии Рашт иттилоъ зери даст доранд. Муовини раиси Маркази пажуҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора гуфт, ки “бидуни сармоягузорӣ аз хориҷи кишвар гумон аст, ки онҳо тавони харидории силоҳро дошта бошанд”. Ва аммо ӯ аз номбар кардани кишвари мушаххаси сармоягузори мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон худдорӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол Абдунабӣ Сатторзода, сарвари раёсати равобити хориҷии Маркази пажуҳишҳои стратегӣ, изҳор намуд, ки кишварҳое чун Ӯзбакистон ва Русия дар нооромиҳо дар Тоҷикистон манфиатдор нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ноамнӣ дар Тоҷикистон боиси афзоиши таҳдид ба амнияти ин кишварҳо низ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG