Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни садама дар Украина афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни бархӯрди автобуси мусофирбар ва қатора дар Украина ба 44 нафар расид. Ба иттилоъи “Интерфакс”, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Днепропетровск боз як хонуми дар ин ҳодиса ҷароҳатбардошта аз олам даргузашт. Имрӯз дар шаҳраки Городише маросими дафни бештари қурбониёни фоҷиа баргузор мешавад.
Садама субҳи 12 октябр дар шаҳри Марганетс рӯх дод – бар пояи иттилоъи пешакӣ, ронандаи автобуси мусофирбар ба сигнали сурхи светофор нигаҳ накарда, хост аз гузаргоҳи роҳи оҳан убур кунад ва аммо ба қатора бархӯрд. Дирӯз дар Украина ба ёди қурбониёни фоҷиа рӯзи мотами миллӣ эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG