Бар асари инфиҷор дар ғарби Афғонистон се низомии нерӯҳои байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳайати фармондеҳии НАТО дар бораи ин ҳодиса хабар дода ва аммо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки дар ғарби Афғонистон низомиёни ИМА, Испания, Италия ва Литва мустақар шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузории Франс-Пресс, аз оғози соли равон дар набардҳо ва инфиҷору ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон 584 афсару сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ ба ҳалокат расидаанд.