Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар оинаи матбуот


Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ҳаводиси шарқи Тоҷикистон, изҳороти ахири додситони кулл дар мавриди афви силоҳдорон ва мавзеъгирии сарсахтонаи Ислом Каримов, президенти Узбакистон алайҳи сохтмони Роғунро мавриди таҳлил ва баррасиҳо қарор додаанд.

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" дар матлабе бо номи «Ҷанг ва сулҳи Ғарм ё дар Рашту Исфара бо кӣ меҷангем?» аз ҷумла навиштааст: "Вазири мудофеъа онҳоро терорист меномад. Вазорати корхои дохила онҳоро гурӯҳҳои ҷиноятпеша ном мебарад. Теъдод, миллат, нажод ва мазҳаби онҳо дақиқ нест, вале ниҳодҳо бидуни далел онҳоро исломӣ меноманд. Оё ҳамаи онҳое, ки дар кӯҳистон панаҳ бурдаанд, ҷинояткоранд? Аз номи халқу ҳукумат дар Рашту Исфара бо кӣ меҷанганд? "

"Нигоҳ" ҷойи дигар дар ҳамин мақола навиштааст: "Мақомоти Русия ҳанӯз моҳе қабл аз фирори маҳбусон аз СИЗО-и кумитаи амният, нором шудани вазъро маҳз дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекарданд. Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия Владимир Шаманов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ, ҳанӯз аввали моҳи август гуфта буд, ки ба ноором шудани вазъ дар Осиёи Марказӣ бояд омода буд. Генерали рус ба суоли Регнум, ки оё шумо Қирғизистонро дар назар доред, кӯтоҳ ҷавоб дода буд: не, Тоҷикистонро".

Ҳамин нашрия дар мақолаи дигари таҳлилии худ, ки «Ғарб ҷангро дар Афғонистон бохт» ном дорад, ба чанд паҳлӯи буду боши нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ишора карда, пирӯзии онро дар мубориза бо Толибон зери суол бурдаааст.

Нашрияи "Миллат" дар мақолаи худ, ки «Ислом Каримов- наҳанги минтақа» ном дорад, бо ишора ба суханонии тундлаҳни президенти Узбакистон дар назди мардуми қароқалпоқ алайҳи сохтмони Роғун аз ҷумла навиштааст: "Нокомиҳои худро раҳбарияти узбак ба сари ҳамсояҳои хеш бор мекунад ва фақру тангдастиеро, ки имрӯз ба сари мардуми қароқалпоқ ва қавмҳои муқими он афтодааст, маҳз бо рӯпӯш кардани сабаҳои аслӣ, дар нарасидани обу қатъи он арзёбӣ мекунанд ва мехоҳанд бад-ин васила тафаккури мардумро ба дигар ҷониб бикашанд".

Нашрияи русзабони "Дайжест-пресс" дар сармақолаи худ, ки «Ҳукми қатл бошад ё набошад» ном гирифтааст, ба баррасии масъалаи дар Тоҷикистон лағв шудани ҳукми қатл дар соли 2004 пардохта бурду бохти моратория алайҳи онро мавриди баҳс қарор додааст. Нашрия навиштааст «Агарчӣ кӯшишҳое аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба назар мерасанд, ки лағви ҳукми қатлро дар Тоҷикистон яке аз омилҳои аслии густариши ҷинояткорӣ дар кишвар ҷилва диҳанд, аммо соҳибназарон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ лағви ҳукми қатлро яке аз волотарин ва беҳтарин дастовардҳои Тоҷикистони мустқил унвон мекунанд."

Ин ҳафта низ, нашрияи мустақили «Фараж» нашр нашуд, балки нашрияи дигари мустақил - «Пайкон» - низ ҳамқисмати он гашт. Ин ҳафта бо баҳонаи мушкили фаннӣ ҳеҷ як интишорот масъулияти чопи ин ду нашрияи мустақилро бар ӯҳда нагирифт.
XS
SM
MD
LG