Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкили HIV AIDS дар ҳамоиши ҷавонон


Намояндагони созмони ҷавонон таҳти унвони "Y-PEER" ва Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ дар як ҳамоише дар Душанбе роҳҳои муассири пешгирии густариши бемориҳои сироятӣ, ба вижа HIV AIDS ва хушунату зӯроварӣ дар оилаҳои тоҷикро баррасӣ карданд.

Парвиз Бобоев, ҳамоҳангсози барномаҳои ҷавонони хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин нишаст ҷавонон аз навоҳии мухталифи кишвар ширкат карданд ва онҳо бо дар назардошти мушкилоти рӯзгори ҳамсолонашон дар бастагӣ ба HIV AIDS, бемориҳои дигари сироятии ҷинсӣ ва хушунат нақшаи кории фаъолияти худро барои як соли оянда тарҳрезӣ намуданд:

«Ин ҷавонон бевосита дар бораи фаъолияти худ, дар ноҳияҳояшон ба мо маълумот доданд. Ҳамчунин мо якчанд ҳисоботи аъзоёни фаъоли шабакаамонро гӯш кардем, ки онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ ки оид ба мавзӯи HIV AIDS дар хориҷ аз кишвар баргузор гардида буд, ширкат доштанд.»

Барномаҳои Y-PEER

Y-PEER шабакаи байналмилалии маърифатии ҷавонон аст, ки тибқи меъёри «Ҳамсол ба ҳамсол» ба ҷавонон оид ба тарзи ҳаёти солим, роҳҳои сироятёбӣ ба HIV ва пешгирии он итилоъ медиҳад. Феълан барномаҳои шабакаи Y-PEER беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро шурӯъ аз соли 2007 то ба имрӯз фаро мегирад.

Ин созмон дар кишвар беш аз 150 ихтиёриёнро муттаҳид намуда аст, ки ҳамаи онҳо итилоъ оид ба HIV AIDS- ро ба ҳамсолони худ, аз рӯйи меъёри ягона дастрас мекунанд. Парвиз Бобоев гуфт, ин шабакаи маърифатии ҷавонон барои ҳамаи хоҳишмандон кушода аст ва онҳо барномаҳои маърифатии худро таввасути ихтиёриён, васоити ахбори умум ва саҳнаҳои театрӣ ба саҳми ҳамсолонашон мерасонанд:

«Тренерҳое дорем, ки дар омӯзишҳои байналмиллалӣ ширкат кардаанд. Ба онҳо ҳунармандони театри Night Star-и Ню Йорк таълим додаанд. Баъди ширкат дар ин омӯзишҳо онҳо дар кишвар, саҳнаҳои гуногунро аз рӯзгор ва мушкилоти худ пешниҳод мекунанд. Барои мисол хушунат дар хонавода, нашъамандӣ, роҳҳои пешгирии HIV AIDS ва амсоли инҳо. Мо аллакай даҳ чунин саҳнаро таҳия кардем ва ба сокинони ноҳияҳои мухталиф намоиш додем».

Камбуди иттилоъ дар бораи HIV AIDS

Дар навоҳии дурдасти кишвар халоии итилоотӣ дар бораи HIV AIDS эҳсос мешавад ва ҳамчунин сокинони деҳоти дурдаст имкони гузаштан аз ташхиси фаврии хунро оид ба ВИЧ надоранд, мегӯянд ширкатдорони нишаст. Мунаварра Саторова сокини ноҳияи Бохтар гуфт, дар ноҳияи онҳо расман 13 нафар сироятёфагон ба HIV ба қайд гирифта шудаанд, ки 8 нафари онҳо то 24 солаанд:

«Ноҳияи Бохтар яке аз ноҳияҳои сераҳолӣ буда, беш аз 90 000 сокин дорад. Мушкили аслии ҷавонони мо ин норасоии маълумот оид ба HIV AIDS ва маълумотгирӣ таввасути интернет мебошад. Ҳамчунин маркази фарҳангие надорем, ки дар онҷо ҷамъ омада ин ё он мушкили рӯзгори худро матраҳ кунем».

Надоштани итилоъи кофӣ оид ба роҳҳои сироятёбии вируси норасоии масунияти бадан мизони хушунат, табъиз ва парҳез кардани аъзоёни ҷомеъа аз ин беморонро баланд мекунад. Коршиносони ҷавон мегӯянд, маъмулан беморони HIV аз ҷониби пайвандон ва аъзоёни оила мавриди хушунат қарор мегиранд. Аксарият бо андешаи он ки HIV бо роҳҳои салом кардан, сӯҳбат, тавассути ашёҳои рӯзгор ва ё истифодаи либосу газидани ҳашарот ба нафари дигар сироят мекунад, аз беморон ҳазар карда аз онҳо дурӣ меҷӯянд.

Саргузашти талхи як хонавода

Хайриниссо Камолова узви маҳфили ихтиёриёни ҷавони ноҳияи Вахш дар ин замина саргузашти арӯсеро мисол овард, ки худ соли гузашта шоҳидаш будааст:

«Дар ноҳияи Вахш ду ҷавон оила барпо краданд. Аммо баъди 40 рӯз аз баски ҷавон бемаълумот буду ҷойи кор надошт ба Русия барои мардикорӣ рафт. Аз онҷо баъд аз шаш моҳ баргашт ва маълум шуд, ки бо худ вируси норасоии массунияти баданро овардааст. Ҳамсараш ба HIV сироят ёфт. Ҳама фаҳмиданд ва арӯсро таънаву маломат мекарданд. Атрофи номи ин зани ҷавон ҳар гуна овозаҳо паҳн шуд ва як субҳ арӯси хонавода худро ба дор овехт. Сабабаш HIV ва таҳқири мардум буд».

Дар ҳамин ҳол ихтиёриёни шабакаи маърифатии ҷавонон бар он боваранд, ки бо нерӯи худ метавонанд дар коҳиш додани сатҳи хушунат ва табъизи гирифторони HIV AIDS ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон оид ба роҳҳои сироятёбии ин вирус, саҳм гузоранд. Наимахон Ғаниева сокини шаҳри Хуҷанд дар ин замина гуфт: «Ҳадди ақал ба дӯстонамон гӯем, ки ВИЧ СПИД ҳаст ва бо ана ин роҳҳо мегузарад, худата эҳтиёт кун ва муносибататро ба беморон таъғир надеҳ. Ин худ як ҷаҳон сухан аст».

Мавриди зикр аст, ки ҳатто шумори сироятёфтагон ба вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд. Тибқи итилоъӣ Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо HIV AIDS дар Тоҷикистон, феълан дар кишвар 2336 мавриди сироятёбӣ ба HIV ба қайд гирифта шудааст. 55 дарсади сироятёфтагон, бо роҳи тазриқӣ ва беш аз 28 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин вирус сироят ёфтаанд. Гуфта мешавад ҳудуди 80 дарсади сироятёфтагони вируси норасоии массунияти баданро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG