Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон хостори музокироти Сербияву Косово шуд


Имрӯз ҳазорон сокинони Приштина аз сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, ба Косово истиқбол карданд. Дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ хонум Клинтон бори дигар изҳор намуд, ки ИМА аз истиқлоли Косово пуштибонӣ мекунад ва ҳамзамон хостори музокирот миёни Приштина ва Белград мебошад. Ӯ афзуд, "баъзе масъалаҳо, назири мақом, истиқлолият ва якпорчагии Косово аслан набояд мавриди муҳокима қарор бигиранд. Ва аммо раҳбарони ду кишвар бояд бо виҷдони пок ва бо арҷгузорӣ ба мушкилоти ҳамдигар барои анҷоми гуфтугӯ бо ҳам наздик шаванд".
Дирӯз Хонум Клинтон дар Белград бо раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич музокирот анҷом дода буд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раисиҷумҳури Сербия бори дигар изҳор намуд, ки Белград ҳеҷ гоҳ истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард ва барои шурӯъи музокироти фаврӣ бо Приштина омода нест.
Ҳилларӣ Клинтон аз гуфтушуниди миёни Сербия ва Албания ва аммо фақат дар масоиле, ки зиндагии ҳамаи шаҳрвандони Косоворо осон мегардонад, пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG