Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон


Дар Афғонистон баъд аз солҳо ҷанг, нишонаҳои пирӯзӣ мушоҳида мешавад. Ба назари таҳлилгарон, дар ин авохир Толибон бо гурӯҳҳои кӯчак ба мақомоти маҳаллӣ руҷӯъ мекунанд ва барои сулҳ шароитҳояшонро дар миён мегузоранд.

Ҳарҷанд ин иқдомот ҳанӯз дар майдони доғи ҷанг ба рӯшанӣ мушоҳида намешавад, вале метавон онро як қадам ба сӯи оғози мароҳили хатми ҷанг дар Афғонистон унвон кард.

"Қатраҳои борон дар дашти сӯзон"

Рӯзномаи "Washington Post"" дар ин робита менависад: «Пирӯзӣ монанди қатароти борон баъд аз солҳои хушксолӣ дар даштҳои сӯзони Афғонистон бо боридан оғоз кардааст.»

Гурӯҳи кӯчаки Толибони мусаллаҳ бо фармондеҳони худ ҳоло дар пайи иттилоъе мегарданд, ки оё дар сурати якҷо шудан бо ҳукумат, чӣ шароите барои онҳо муҳаё хоҳад шуд.

Онҳо дар қадами аввал мехоҳанд, ки исми онҳоаз ҳар навъ рӯйхати сиёҳ хориҷ шавад, то онҳо ҳадафи ҳамалоти нируҳои хориҷӣ қарор нагиранд. Дуввум, онҳо мехоҳанд дар муқобили ҳуҷуми шӯришиёни дигар муҳофизат шаванд ва саввум як навъ имконоти иқтисодӣ барои онҳо муяссар шавад, то битавонанд зиндагии худро ба сомон расонанд.

Ба навиштаи "Washington Post", дар усули мубориза бо шӯришиён ин амал "reintegration" ё ҳамоиши муҷаддад маънӣдод мешавад. Мақомоти афғон ба ояндаи ин ҷараён хушбин ҳастанд ва мегӯянд, ки домани он торафт густариш меёбад ва қатраҳои ҷамъашуда ба дарё мубаддал хоҳанд шуд.

Рӯзнома меафзояд : «Ин қатраҳои борон ҳанӯз ба майдони доғи ҷанг нарасида ҳадаф ин аст, ки ин арқом бештар шавад то шӯришиёни мусаллаҳ фарсуда ва хаста шаванд ва ба музокирот рӯ оваранд ва бо марури замон аслиҳаи худро ба замин гузошта ба хонаҳои худ баргарданд.»

Пирӯзӣ дар Афғонистон чӣ хоҳад буд?

Бисёре аз амрикоиҳо суол мекунанд, ки пирӯзӣ дар Афғонистон чӣ гуна хоҳад буд?

Ба навиштаи рӯзнома, пирӯзӣ ҳамин аст, ки феълан мушоҳида мешавад, аммо домани он бояд густардатар шавад.

18 моҳ қабл, мухолифини мусаллаҳ рӯҳияи дигар доштанд, ки аз тавону пешрафти онҳо маншаъ мегирифт. Вале афзоиши теъдоди сарбозони НАТО, махсусан истифода аз қувваҳои вежа, рӯҳияи ҷангии мухолифони мусаллаҳро дигар кард.

Ба навиштаи рӯзнома, ҳар шаб нирӯҳои вежаи дар амалиёти худ ба суфуфи ҷангиён халал ворид мекунад ва саркардаҳои шуришчиёнро аз байн мебарад.

Рӯзнома дар бахши дигари матлаби худ менависад : "Ҳоло ки мароҳили сисёсии оштӣ ҳам дар Афғонистон оғоз шудааст ва ҳукумат дар талоши оштӣ бо Толибон мебошад, заминаи хуб барои Толибон муҳайё шудааст, ки аз он истифода кунанд. Аммо як нуқта, ки онҳоро ба идомаи ҷанг ва муқовимат ташвиқ мекунад инаст, ки раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, дар нимаи соли 2011 хурӯҷи нирӯҳоро аз Афғонистон оғоз хоҳад кард. Акнун Толибон ба ин умеданд, ки бо коҳиш ва ё хуруҷи қувваҳои Амрико аз Афғонистон, онҳо дар ҷанг дубора дасти болое хоҳанд дошт."

Рӯзнома меафзояд : "Амрико акнун бодя ин масъаларо рӯшанкунад, ки дар моҳи июли соли оянда Афғонистонро раҳо нахоҳад кард ва ин паём бояд паиҳам ба гӯши ҳама бирасад, ки дар сурати тақозои шароит, дар шумори сарбозони мустаққар дар Афғонистон коҳиш эҷод нахоҳад шуд."

Ба навиштаи рӯзнома, фармондеҳи олии нирӯҳои Амрико, яъне раиси ҷумҳури ин кишвар, дар ин соҳа норӯшании вайронкунандаеро эҷод кардааст ва акнун худи ӯ бояд ин шак ва тардидҳоро дубора бартараф кунад.
XS
SM
MD
LG