Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина шумораи қурбониёни ҳодисаи роҳ афзоиш ёфт


Шумораи қурбониёни ҳодисаи нақлиётӣ дар Украина афзоиш ёфтааст. Мақомоти расмии Украина мегӯянд, ҳангоми бархӯрди қатори роҳи оҳан бо як автобус дар шарқи Украина, дастикам, 38 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, 12 нафари дигар ҷароҳати сангин бардоштаанд. Ин ҳодиса субҳи имрӯз дар минтақаи Днепропетровск рух додааст. Сухангӯи пулиси роҳи ин минтақа гуфт, автобуси мусофирбари байнишаҳрӣ дар чароғи сурх роҳро гузаштааст ва чунин ҳодиса пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG