Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони конканҳои бандмондаи Чилӣ ба поёнаш наздик мешавад


Дар Чилӣ ба зудӣ амалиёти берун кашидани 33 конкан шурӯъ мешавад, ки бештар аз ду моҳ аст, дар дохили кон банд мондаанд. Гурӯҳи наҷотбахш рӯзи душанбе қафаси махсус барои берун кашидани конканҳо аз умқи 625 метрро бомуввафақият озмоиш кардааст ва амалиёти берун овардан субҳи имрӯз шурӯъ мешавад. Қарор аст, 33 конканро як ба як бо қафас берун кашанд. Гурӯҳи наҷот тавонист, дар зарфи 2 моҳ бо кандани нақби борике то ба назди паноҳгоҳи конканҳои бандмонда бирасад. Баъди фурӯ рехтани кони мису тилло дар кони Сан Хосе тассавур мерафт, ки 33 конкан дар ҳамонҷо ҳалок шудаанд, аммо онҳо баъди 17 рӯз бо ирсоли паёме аз зинда мондани худ дарак доданд.
XS
SM
MD
LG