Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон хоҳони истирдоди шаҳрванди тундраваш


Давлати Олмон мехоҳад, то Амрико як тундрави боздоштшудаи олмонӣ дар Афғонистонро ба он кишвар таслим кунад. Бино ба гузоришҳо, Аҳмад Сиддиқии 36-сола ва сокини шаҳри Ҳамбург дар фурудгоҳи ҳавоии амрикоиҳо дар Багром дар ҳошияи шаҳри Кобул нигаҳ дошта мешавад. Мегӯянд, иттилоъ доир ба ҳамлаҳои эҳтимолии Ал-Қоида ба шаҳрҳои аврупоиро маҳз аз Аҳмад Сиддиқӣ гирифтаанд. Додситонии кулли Олмон гуфт, Аҳмад Сиддиқӣ ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон муттаҳам мешавад, ки як созмони терористист.
XS
SM
MD
LG