Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис раводид бо Қафқози шимолиро лағв мекунад


Гурҷистон барои сокинони ҷумҳуриҳои Қафқози шимолии Русия низоми бидуни раводидро ҷорӣ мекунад. Нино Каландадзе, муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон, изҳор намуд, ки амри раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар ин бора баъд аз тақрибан ду ҳафта мавриди амал қарор мегирад. Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба хотири “идомаи равобити анъанавии миёни мардуми Қафқози шимолӣ” гирифта шудааст.
Баъд аз шурӯъи татбиқи фармон, сокинони ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон, Ингушистон, Осетияи Шимолӣ, Қабардину Балқар, Адигея ва Карачаево-Черкеск ҳаққи будубоши 30-рӯзаи бидуни раводид дар қаламрави Гурҷистонро хоҳанд дошт.
Режими раводид миёни Русия ва Гурҷистон аз моҳи декабри соли 2000 ба ин сӯ амал мекунад.
XS
SM
MD
LG