Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як маллоҳи киштии ғарқшуда ошкор гардид


Дар соҳилҳои нимҷазираи Қрими Украина наҷотбахшон ҷасади як маллоҳи киштии шаби гузашта ғарқшударо ошкор карданд. Бар пояи иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Украина, даҳ тан аз аъзои экипажи киштӣ наҷот дода шудаанд. Ҳангоми садама дар киштии боркаш, ба иттилоъи ниҳодҳои гуногун, 12 ё 13 нафар ҳузур доштанд.
Киштӣ, ки зери парчами Муғулистон шино мекард, ба интиқоли оҳан машғул буд. Дар бораи сабабҳои ғарқшавии киштӣ алҳол иттилоъе нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG