Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори имоми масҷид дар вилояти Тюмени Русия


Дар вилояти Тюмени Русия тафтиши сабабҳои куштори имоми масҷиди шаҳри Новый Уренгой Исомуддин Акбаров шурӯъ шуд. Имоми масҷид рӯзи якшанбе дар канори як шаҳраки бӯстосароҳои Тюмен ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Дар ин шаҳрак Исомуддин Акбаров хона бунёд мекард. Ба иттилоъи мақомоти ҳифзи тартибот, ба мошини имом аз ду автомат оташ кушодаанд.
Исомуддин Акбаров, зодаи водии Фарғонаи Ӯзбакистон, аз миёнаҳои солҳои 90-ум дар вилояти Тюмен ба сар мебурд. Ба иттилоъи бархе хабаргузориҳо, имом бо мақомоти ҳифзи тартиботи вилоят мухолифат дошт - масҷиди ӯ пайваста мавриди тафтиш қарор мегирифт.
XS
SM
MD
LG