Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони амниятро муҷозоти маъмурӣ интизор аст


Кормандони хадамоти амниятии Филиппинро, ки аз ҳалокати ҳашт сайёҳ дар қазияи гаравгонгирӣ дар шаҳри Манила ҷилавгирӣ карда натавонистанд, муҷозоти маъмурӣ интизор аст. Дар ин бора раисиҷумҳури Филиппин Бенинио Акино хабар дод. Дар тасмими ниҳоӣ мақомоти Филиппин тавсияи Комиссиюни тафтиши ин ҳодиса барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъулини амалиёти наҷоти гаравгонҳоро нодида гирифтанд.
23 августи соли равон як афсари собиқи полиси Филиппин автобус бо сайёҳон аз Ҳонконгро гаравгон гирифт. Ҳангоми амалиёт одамрабо кушта шуд ва аммо дар ин ҳодиса ҳашт сайёҳи хориҷӣ ҳам ба ҳалокат расиданд.
Баъд аз ин фоҷиа хадамоти амниятии Филиппин дар нокофӣ таҳия кардани амалиёти наҷот муттаҳам шуданд.
XS
SM
MD
LG