Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Интихобот боиси таҳкими демократияи қирғиз мешавад


Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон, бар пояи иттилоъи пешакӣ, ягон ҳизб барои дарёфти бештари курсиҳо муваффақ нашудааст. Дар сабқат алҳол ҳизби миллатгарои “Ота-Ҷурт” пешсаф аст, ки аз он 8-у ним дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократ дар мақоми дуввум ва ҳизби “Республика” дар мақоми саввум ҷой гирифтаанд. Ба сафи панҷ ҳизби аввали феҳрист ҳамчунин ҳизби “Оруномус” ва “Ота-Макон” шомил шудаанд.
Бар пояи иттилоъи расмии Комиссиюни марказии интихобот, 57 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. Дар шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби кишвар, ки бар асари бенизомиҳои моҳи июн тақрибан 400 нафар ба ҳалокат расиданд, дар ин маъракаи сиёсӣ 66 дар сади интихоботкунандагон ширкат доштанд.
Барои 120 курсии парлумони Қирғизистон 29 ҳизби сиёсӣ мубориза бурданд. Ҳизби пирӯз дар интихобот ҳаққи ташкили ҳукуматро дорад.
Дар гузориши ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гуфта шудааст, ки интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ба таҳкими демократия дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар вокуниш ба ин маъракаи сиёсаӣ дар кишвари ҳамсоя гуфт, ки ҳукумати кишвар ба интихоби мардуми қирғиз арҷ мегузорад.
XS
SM
MD
LG