Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум аз Аҳмадинажод нома гирифтааст


Вотикон мегӯяд, попи Рум Бенедикт аз номи раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод номае дарёфт кардааст. Вотикон мӯҳтавои ин номаро ифшо накард ва танҳо гуфт, онро яке аз ноиб-президентҳои Эрон дар ҷараёни мулоқоти кӯтоҳ ба поп супурдааст. Бино бар хабари торнамои раёсатҷумҳурии Эрон, дар нома ба ҳамкории адёни муқаддас бар зидди дунявият даъват шудааст. Дар он ҳамчунин аз мавзеъгирии поп Рум алайҳи роҳиби амрикоӣ, ки мехост, Қуръонро бисӯзонад, изҳори сипос шудааст.
XS
SM
MD
LG