Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сарбози Итолиё дар Афғонистон


Фармондеҳии нерӯҳои Паймонии Атлантики Шимолӣ, НАТО дар Афғонистон мегӯяд, бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар вилояти Фараҳ,ҷанубуғарби Афғонистон, 4 сарбози итолиёӣ кушта шудаанд. Дар ҳамин инфиҷор як сарбози дигар шадидан захмӣ гаштааст. Сухангӯи Вазорати дифои Итолиё дар Рум, генерал Массимо Фогарӣ гуфт, сарбозон ҳангоми бозгашт аз иҷрои амалиёт дар водии Гулистони ин вилоят ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG