Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Павлюк дар Бишкек лавҳаи ёдгорӣ боз шуд


Дар Бишкек барои рӯзноманигор Геннадий Павлюк лавҳаи ёдгорӣ боз шуд. Павлюк 51 сол дорад ва вайро 16-ӯми декабри соли гузашта аз ошёнаи биное дар Алмаато ба поин партофтанд. Вай баъд аз 6 рӯзи ин ҳодиса дар бемористон ҷон дод. Павлюк рус буд, вале бо номи Рустам Ибрагимбек матолиб ба табъ мерасонд. Вай рӯзнома ва сомонаи интернетии "Равзанаи сафед" таъсис дода буд. Павлюк барои рӯзномаҳои "Вечерний Бишкек" ва "Аргумерты ин факты" низ кор мекард.
XS
SM
MD
LG