Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли сармояҳои Амрико ба размандагони Толибон


Сармоягузориҳои Иёлоти Муттаҳида ба ширкатҳои хусусии амниятӣ дар Афғонистон дар поёни кор ба дасти Толибон ва ҷангсолорон меафтодаанд. Ин нуктаро бозрасони Кумитаи хадамоти мусаллаҳонаи Сенати Амрико кашф кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳукумат натавонистааст, гузаштаи чунин ширкатҳоро таҳқиқ кунад ва ё дар идораи онҳо расидагӣ дошта бошад. Дар як маврид, бино бар гузориш, созишномаи дидбонии пойгоҳи ҳавоии Амрико ба ширкате дода шудааст, ки размандагони пешинро ба ин кор ҷалб кардааст ва дар байни онҳо тарафдорони Толибон ҳам будаанд.
XS
SM
MD
LG