Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи тиҷорати кӯмакии Аврупо барои Покистон


Иттиҳоди Аврупо ба Покистон тиҷорати омехта бо кӯмакро пешниҳод кард. Бино ба ин тарҳ 75 номгӯй аз маводи содиротии Покистон барои се сол аз андозҳои аврупоӣ озод хоҳанд шуд. Интизор меравад, аз ин сабукӣ Покистон бо судури молаш ба Аврупо солона 100 миллион евро ба даст орад. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ин кӯмаке хоҳад буд барои рафъи пайомадҳои обхезии азими имсола дар Покистон, ки 10 миллион нафарро бехона кард. Қарор аст, тарҳи нав дар чанд рӯзи оянда аз тарафи давлатҳои узв ва Порлумони Аврупо ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG