Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснашинии Насрини Сутуда дар маҳбаси Эвини Теҳрон


Вакили дифоъ ва ҳомии саршиноси ҳуқуқи инсони Эрон, Насрини Сутуда бо эътироз аз шароити нигаҳдошташ дар маҳбаси Эвини Теҳрон гуруснашинӣ эълон кард. Дар гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ бо хонаводааш Сутуда аз таҳдид ёд кардааст. Бо вуҷуди он ки аз боздошти вай муддати зиёде мегузарад, то ҳол иттиҳмаш ба ӯ эълон нашудааст. Вакили ӯ мегӯяд, парвандаи ӯ дар марҳилаи таҳқиқ аст, аммо ба вакил иҷозаи дастрасӣ ба ин парвандаро надодаанд.
XS
SM
MD
LG