Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Анна Политковская


Чаҳор сол пеш хабарнигори рус Анна Политковская кушта шуд. Ин хабарнигор, ки аз мунаққидони ҷиддии сиёсати Владимир Путин дар Чеченистон маҳсуб мешуд, 7 октябри соли 2006 дар даромадгоҳи хонаи худ дар Маскав аз дасти қотили қарордодие ба ҳалокат расид. Баъди танқидҳои зиёди додситонии кулл аз тарзи таҳқиқи ин ҳодиса ниҳоят ин ниҳод гуфт, ки барои боздошти гумонбар тавассути Интерпол ҷустуҷӯи ҷаҳонӣ эълон кардааст. Муфаттишон мӯҳлати таҳқиқи ин кушторро то моҳи феврали соли оянда тамдид кардаанд.
XS
SM
MD
LG