Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони шашкаи байналмилалии Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шашкаи байналмилалӣ бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Ба иттилои Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоту шашкаи Душанбе, ин мусобиқа бо ширкати 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар Хонаи истироҳати «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд.

Дар сабқати мардон Раҳмиддин Сайёраеви душанбегӣ бо 6 имтиёз аз 7 бозӣ мақоми аввалро касб намуд. Ҳамшаҳриаш Ҷамшед Урунбоев низ 6 имтиёз ба даст овард, вале аз рӯи нишондоди изофӣ дар ҷои дуввум қарор гирифт. Намояндаи дигари пойтахти кишвар Баҳодур Бобоҷонов бо 5,5 имтиёз ҷои севумро азони худ кард.

Дар сабқати занон Матлуба Қосимова (Душанбе) бо 5 имтиёз ба унвони қаҳрамони шашкаи Тоҷикистон даст ёфт. Бояд гуфт, ки чаҳор варзишгар 5-имтиёзӣ гирифтанд ва аз рӯи нишондоди изофӣ Қурбоной Шукурова (ноҳияи Ҳамадонӣ) ҷои дуввум ва Сарвиноз Каримова (Душанбе) ҷои севумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG