Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солрӯзи қатли журналисти ҷасур Анна Политковская


Журналисти таҳқиқгари Русия, танқидгари президент Владимир Путин ва сиёсатҳои ӯ дар Чеченистон, Анна Политковская чор сол пеш дар ҳамин рӯз дар назди хонааш ба зарби тир кушта шуд. Дар ҳоле ки шеваҳои таҳқиқи ин куштор аз ҷониби бисёриҳо танқид мешавад, Додситонии кулли Русия гуфтааст, барои боздошти қотили эҳтимолӣ бо номи Рустам Маҳмудов пайгарди ҷаҳонӣ эълон карда, аз Полиси байнулмилал кӯмак хостаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия мегӯянд, бенатиҷагии таҳқиқи ҷиноӣ нишонаи он аст, ки чунин ҷиноятҳо дар ин кишвар беҷазо боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG