Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасии парвандаи маҳбуси Гуантанамо дар додгоҳ


Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк нахустин мурофиаи додгоҳии шаҳрвандӣ аз рӯи парвандаи маҳбуси собиқи Гуантанамо шурӯъ мешавад. Шаҳрванди Танзания Аҳмад Халфон Гайлонӣ дар даст доштан дар куштори 224 нафар бар асари инфиҷорҳо дар канори сафоратхонаҳои ИМА дар Танзания ва Кения дар соли 1998 муттаҳам мешавад. Бар пояи иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, ӯ мошини боркаш ва маводи мунфаҷираеро дастрас кардааст, ки дар таркиш дар канори сафорати Амрико дар Танзания истифода шуданд.
Аҳмад Халфон Гайлонӣ соли 2004 дар Покистон боздошт шуда буд. Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба ӯ ҳукми абад таҳдид мекунад.
Аз ин пеш парандаи афроде, ки бо иттиҳоми терроризм ба Гуантанамо интиқол меёфтанд, аз сӯи комиссиюни вижаи низомӣ бозрасӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG