Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Чин дар Брюсел


Имрӯз дар Брюссел нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Чин дар сатҳи олӣ ифтитоҳ шуд. Раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо дар маросими пазироӣ аз сарвазири Чин Вен Тзябао гуфт, ки "равобити тиҷоративу иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ва Чин – яке аз муҳимтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва манбаъи дороӣ, ҷойҳои кор, рушд ва навоварӣ барои ҳарду ҷониб гаштааст". Ӯ афзуд, кт ҷонибҳо бояд рӯи густариши равобит дар дигар бахшҳо низ тамаркуз кунанд.
Ба иттилоъи расмӣ, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз сарвазири Чин хостори эҷод накардани монеъа дар роҳи болоравии қурби юан – пули миллии Чин хоҳанд шуд. Мақомоти аврупоӣ ва ИМА мегӯянд, ки Пекин аз болоравии қурби юан ҷилавгирӣ мекунад, то ки содироти молҳояш ба бозори ҷаҳонӣ арзонтар анҷом ёбад.
XS
SM
MD
LG