Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бомбгузори Тайм Сквер" ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Ню Йорк шаҳрванди покистонитабори Амрико Файсал Шаҳзодро дар терроризм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ҷиноятҳои дигар муҷрим дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Иттиҳоми асосӣ таҳияи таркиш дар яке аз хиёбонҳои марказии Манҳеттени Ню Йорк буд. Бино ба таҳқиқи ҷиноӣ Шаҳзод моҳи майи соли равон талош карда буд, ин инфиҷорро анҷом диҳад. Шаҳзоди 31-сола гуноҳи худро ба гардан гирифт ва ҳамзамон гуфт, аз ин иқдоми хеш, ки метавонист, ба марги даҳҳо нафар сабаб гардад, ҳеҷ ҳисси пушаймонӣ надорад.

Журналисти муқими Ню Йорк, Самеъ Иброҳим, ки дар додгоҳ ҳозир буд, ба Радиои Озодӣ вокуниши Шаҳзодро ингуна тасвир кард:

"Вақте ки довар ҳукмро хонд, Файсал Шаҳзод ба такбирхонӣ даромад ва ба забони арабӣ фарёд мезад "Оллоҳу Акбар, Оллоҳу Акбар!" -- "Худо бузург аст, Худо бузург аст." Сипас ба додгоҳ гуфт, "миён бубандед, зеро ҷанг бо мусулмонон акнун сар шудааст. Нозирони амният талош мекарданд, ӯро биншонанд, зеро аз ҷой бархоста буд. Аммо ӯ ҳамон фарёд мезад ва мегуфт, "шикаст насиби Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд, он гурезнопазир аст."

Шаҳзод ҳамчунин ба додгоҳ гуфтааст, "мо фақат мусулмонем, вале агар шумо моро террорист меномед, мо террористҳои ифтихормандем ва террори шуморо идома медиҳем."

Шоми якуми майи соли равон Шаҳзод дар як мошини бомбагузоришуда ба хиёбони пуриздиҳоми Тайм Сквери Ню Йорк омад ва мебоист мошинро дар ин ҷо мунфаҷир мекард. Аммо маводи мунфаҷира аз худ садо ва дуд баровард. Як фурӯшандаи сари кӯча дар бораи мошини бесоҳибе, ки дуд мекард, ба полис хабар дод. Полис дастаи сапёрҳоро даъват кард ва бомба безарар карда шуд. Касе осеб надид.

"Садҳо бор ба дӯш мегирам"


Баъд аз ду рӯзи ҷустуҷӯҳо, Шаҳзод дар фурудгоҳи байнулмилалии Кеннедии Ню Йорк дар ҳоли вуруд ба ҳавопаймое, ки мебоист, ба Дубай парвоз кунад, боздошт шуд.

Вай ба муфаттишон гуфт, иттиҳомро "садҳо бор" бар дӯш мегирад, зеро иқдоми ӯ эътирозе буд ба ҷанги Амрико дар Ироқ ва Афғонистон. Писари афсари нерӯҳои ҳавоии Покистон, Файсал Шаҳзод дар синни 18-солагӣ барои таҳсил ба Иёлоти Муттаҳида омада буд ва дар соли 2009 шиносномаи амрикоӣ гирифт. Вай дар канораи шаҳри Ню Йорк иқомат ва ба ҳайси коршиноси молиявӣ кор мекард.

Дар ҷараёни бозпурсиҳо вай иқрор кардааст, ки аз моҳи декабри соли 2009 то январи 2010 зиёда аз як моҳ дар назди Толибон дар Вазиристони Покистон ба сар бурда, панҷ рӯз дар он ҷо тамрини бомбгузорӣ дидааст.

Дар додгоҳ аз ӯ суол шуд, ки барои гирифтани шиносномаи Амрико вай савганди садоқати шаҳрвандӣ хӯрдааст ва чигуна даст ба ин кор зад. Шаҳзод посух додааст, ки ин савганд барояш маъние надошт. Вай афзуд, "мо демократияи шуморо қабул надорем, зеро соҳиби қонуни шариат ва озодӣ ҳастем."

Дар поёни қироати ҳукми ҳабси абад довар ба Шаҳзод гуфт, умедвор аст, дар маҳбас фурсати кофӣ хоҳад дошт, ки "Қуръонро бодиққат омӯзад ва бубинад, оё он гуфтааст, ки бояд афроди зиёди бегуноҳеро кушт."
XS
SM
MD
LG