Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба маҳбусони озодшудаи Куба иҷозаи иқомат дод


Вазорати умури хориҷии Амрико ба 38 дигарандеши Куба, ки аз маҳбаси ин кишвар озод шудаанд, иҷозаи иқомати доимӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро дод. Ин тасмим дар посух ба дархости собиқ маҳбусони сиёсии Куба гирифта шудааст, ки ҳукумати Куба дар моҳи ноябри соли гузашта ба озодии онҳо ризоият дод. Моҳи июн Ҳавана ҳамчунин гуфт, ба зудӣ 52 маҳбуси боқимондаро, ки дар маъракаи зидди дигарандешон дар соли 2003 дастгир карда буд, аз маҳбас озод мекунад.
XS
SM
MD
LG