Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди арманиро дар зиндони Озарбойҷон кушта дарёфтанд


Як марди 20 солаи арманӣ, бо номи Манвел Сарибекён, ки моҳи гузашта дар Озарбойҷон дар шароити номаълум боздошт шуд, ба қавли вазорати дохилаи Озарбойҷон, дар зиндон ба худкушӣ даст задааст. Аммо як мақоми баландпояи Арманистон ба ин гуфтаҳо бовар надорад ва мегӯяд, ки Сарибекён ё аз шиканҷа даргузаштааст ё вайро то ба худкушӣ расондаанд. Сарибекён моҳи маи соли ҷорӣ хидмати аскариро дар наздикии марз бо Озарбойҷон ба поён расонда буд.
XS
SM
MD
LG