Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар пайи густариши нуфузи худ дар Қирғизистон


Нуфузи Русия дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонии Қирғизистон ба як воқеъияти радднопазир табдил ёфтааст. Маскав пайгирона машғули тавсиъаи нуфузи худ дар ин кишвари Осиёи Марказист ва интихоботи парлумонӣ барояш дар ин роҳ як баҳона, балки як фурсати муносиби дигар шудааст.

Бархе иқдомоти ахири Русия дар Қирғизистонро дахолати дағалонаву бепарда дар умури дохилии як кишвари дигар унвон мекунанд, аммо бархе аз 29 ҳизби ширкаткунандаи интихоботи рӯзи 10 октябри Қирғизистон аз пуштибонии Кремл зоҳиран имтиёзҳое барои худ ба даст оварда, аз таваҷҷӯҳи афзояндаи Русия ба масоили Қирғизистон дар остонаи ин маърака баръакс истиқбол мекунанд.

Раҳбарони аҳзоби сиёсӣ бо Маскав наздикӣ меҷӯянд

Ва қатъи назар аз натоиҷи интихоботи як ҳафта баъд, як натиҷаи ин маърака ҳатман нуфузи рӯшани Русия дар умури Қирғизистон хоҳад шуд, ки аломатҳояш алакай ҳувайдост.

Ахиран дар як мизи гирд дар Бишкек, аз солгарди 225-уми истиқрори равобити дипломатӣ миёни мардуми русу қирғиз таҷлил карданд.
Русия тайи ин ҳама муддат дар зиндагии мардуми қирғиз нақши бузург бозӣ мекард.

Ин воқеъият бахусус дар пешорӯи интихоботи парлумонии Қирғизистон дигарбора мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.

Як намунаи рӯшани нақши Русия дар корзори интихоботии Қирғизистон, сафарҳои пайиҳами раҳбарони аҳзоби сиёсии ин кишвар ба Маскав аст.

Тайи ҳафтаҳои охир, раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Алмос Аҳтамбоев, раҳбари ҳизби ҷумҳурӣ Омурбек Бабанов ва раҳбари ҳизби Оқшумқор Темур Сариев банавбат аз пойтахти Русия дидан карданд.

Аммо нафаре, ки бештарин таваҷҷӯҳи ҳам матбуоти Русия ва ҳам сардамдорони Кремлро ба худ кашида тавонист, раҳбари ҳизби Оруномус Феликс Қулов буд, ки дар Кремл бо раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард ва бо ӯ ҳатто акси муштарак ҳам гирифт.

Ҳизби Оруномус ҳамин тавр, бо ҳизби Русияи воҳид, ҳизби ҳокими Русия қарордоди ҳамкорӣ ҳам имзо кард, ки сарусадои зиёде ба по намуд.

Равобит хуб бо Маскав - шонси бештари пирӯзӣ

Эрика Марат, муаллифи бахши Қирғизистон дар гузориши мавсум ба “Кишварҳои дар ҳоли гузор”, ки созмони Хонаи Озодӣ, ё худ Freedom House нашр кардааст, мегӯяд, зоҳиран доштани равобити хуб бо Русия барои аксари интихобкунандагони қирғиз омили мусбат менамояд:

Дидор бо Медведев ё бо мулоқот бо намояндагони ҳизби ҳокими Русия барои номзадҳои онҳо чеҳраву обрӯ месозад. Барои мисол, барои Феликс Қулов ва ҳизби Оруномуси ӯ, ки ӯву ҳизбаш аз ҷониби Маскав пуштибонӣ мешаванд. Ва бояд дар ёд дошт, ки нуфузи Русия дар Қирғизистон мусбат арзёбӣ мешавад, бахусус дар миёни аҳолии шаҳрҳо."

Ин пуштибонӣ сароҳатан ба ҳизби Оруномус кӯмак кард, чунки назарсанҷиҳои ахир ин ташаккули сиёсиро дигар дар шумули довталабони умда ба пирӯзӣ дар раъйгирии рӯзи 10 октябр ҷой медиҳанд.

Таҳлилгари қирғиз Ҷиргалбек Касаболотов мегӯяд, мулоқотҳо бо мақомоти Кремл шеваҳои қадими муомила бо Маскавро ба намоиш мегузорад:

“Ин, ки сиёсатмадорони мо пайиҳам роҳии Маскав шуда, талош доранд, забони онҳоро биёбанд, гувоҳи он аст, ки бо вуҷуди пешрафти ҷаҳонбинии мардум, сиёсатмадорони мо ҳамчунин бо дидгоҳҳои қадим фикр мекунанд. Онҳо пеш аз ҳама бояд забони мардуми қирғизро биёбанд ва баъди ин ва баъди фаҳмидани ҳама хостҳои мардум, метавонанд бо ҷонибҳои дигар вориди музокирот шаванд.”

Аммо бисёриҳо шояд бигӯянд, ки даст ёфтан ба луфту марҳамати Маскав низ муҳим аст, чунки Русия бузургтарин шарики тиҷорӣ ва дар ниҳояти амр, зомини амнияти Қирғизистон боқӣ монда, Бишкек чорае ба ҷуз аз ёфтани забони Кремл надорад.

Русия низ ниёз ба пуштибонии кишварҳои минтақа дорад

Ба навбаи худ, Русия ҳам ночор аст, бо ҳар ҳукумате, ки дар Бишкек рӯи кор меояд, як забони муомила пайдо кунад.

Таҳлилгари рус Фёдор Лукянов мегӯяд, Кремл феълан нафареро мехоҳад, ки тавони овардани субот ба Қирғизистонро дошта бошад ва таваҷҷӯҳи зиёди Маскав ба корзори интихоботии Қирғизистон ва азму хоҳишаш барои мулоқот бо сиёсатмадорони қирғиз низ аз ҳамин ниёз сарчашма мегирад:

“Таваҷҷӯҳи кунунии Русия ба ин далел нест, ки раиси ҷумҳур ё сарвазири ҷадид метавонад зидди Русия бошад, балкӣ худи рӯи кор омадани як ҳукумати коромад ва собит машкук ба назар мерасад. Ва аммо касе, ки раҳбари ҳукумат ва раиси ҷумҳури Қирғизистон нашавад, рафтани ӯ алайҳи Русия камоли бехирадӣ ва ҳатто худкушист.”

На ҳама аз "лутфу марҳамат"-и Русия бархурдоранд

Аммо Маскав ҳамон тавре, ки пуштибонии худ аз як идда гурӯҳҳои сиёсии Қирғизистонро ба намоиш мегузорад, як иддаи дигар, аз ҷумла раҳбари ҳизби Отамакон Омурбек Текебоевро баръакс ҳадаф қарор додааст, ки як намунааш маъракаи иттиллотии алайҳи Текебоев роҳандозишуда дар расонаҳои наздик ба Кремл, аз ҷумла дар шабакаи телевизионии НТВ мебошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, Текебоев ба маҳзи яке аз муаллифони аслии ислоҳоти қонуни асосии Қирғизистон буданаш мавриди қаҳри Кремл қарор гирифтааст.

Қонуни нави асосӣ, ки дар моҳи июн дар пайи рӯи кор омадани ҳукумати муваққат тасвиб шуд, дар Қирғизистон ба роҳ андохтани нахустин низоми парлумонии идорӣ дар Осиёи Марказиро дар назар дорад.

Низоме, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба коромад буданаш изҳори шубҳа кардааст ва бархе сиёсатмадорони қирғиз, аз ҷумла Феликс Қулов ҳам, дар пайи касби ҳимояти Кремл сӯҳбатро аз носозгории чунин низом дар шароити кунунии Қирғизистон оғоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG