Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи ҷоизаи Нобелро ба Исроил роҳ надоданд


Исроил хонум Мейрид Корриган Магюр-барандаи ҷоизаи адабии Нобел ва ҷонибдори Фаластинро аз қаламрави худ хориҷ кард. Ин кор дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки Корриган санад дар бораи манъи ихроҷ аз Исроилро гум кардааст. Вазорати дохилаи Исроил гуфт, хонум Корриган Магюр субҳи имрӯз ба Британия фиристода шудааст. Вай соли 1976 як ҷо бо Беттӣ Виллямс барандаи ҷоизаи адабии Нобел эълон шуд. Вай моҳи июни соли ҷорӣ талош карда буд дар расонидани кӯмакҳо ба Навори Ғазза ширкат ҷӯяд. Магюр рӯзи сешанбеи гузашта баъд аз фуруд дар фурудгоҳи Тел Авив боздошт шуд ва ба вай иҷозаи вуруд ба Исроилро надоданд.
XS
SM
MD
LG