Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори олмониҳо дар ҳамлае дар Покистон


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки як ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар назидкии марз бо Афғонистон 8 нафар шӯриширо куштааст. Дар миёни онҳо чанд нафар шаҳрвандони Олмон низ будаанд. Ин ҳамла дар деҳаи Мир Алӣ дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ сурат гирифтааст. Дастикам, 5 нафар аз кушташудагон шаҳрвандони турктабор ва арабтабори Олмон будаанд. Ахиран Амрико ва чанд кишвари дигар ба шаҳрвандони кишварашон аз имкони ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Аврупо ҳушдор доданд. Манобеи кашфи Амрико мегӯянд, талошҳои ин ҳамлаҳо бо шӯришиён дар Покистон иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG