Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Виктор Бут ба Амрико наздик мешавад


Имрӯз додгоҳи Таиланд иттиҳомоти шустушӯи пул ва тахаллуфоти молӣ бар зидди Виктор Бутро аз эътибор соқит донист. Виктор Бут гумонбари фурӯшандаи аслиҳаи Русия дониста мешавад. Акнун баъд аз чунин тасмими додгоҳ истирдоди вай ба Амрико наздик мешавад. То ҳол вакилони мудофеи Бут талош доштанд барои пешгирӣ аз истирдоди вай ба Амрико вайро дар зиндони Таиланд бештар нигоҳ доранд. Вайро барои террорризм муттаҳам медонанд. Моҳи август додгоҳи таҷдиди назари Таиланд тасмим гирифт, ки Бутро истирдод кунад ва ин тасмим ғазаби Русияро барангехт. Интизор меравад, ки ин бор низ вакилони мудофеи Виктор Бут бар зидди истирдоди вай садо баланд кунанд ва бигӯянд, ки додгоҳ барои чунин кор ҳақи тасмимгирӣ надорад.
XS
SM
MD
LG